Радди вуҷуди пойгоҳи низомии Амрико дар Покистон
Покистон вуҷуди ҳар гуна пойгоҳи низомии Амрикоро дар хоки он кишвар такзиб кард ва гумоназаниҳо дар ин заминаро ғайримасъулона хонд .
Ҳамзамон бо дидори аз пеш эъломнашудаи мушовирони амнияти миллии Покистону Амрико, Зоҳид Ҳафиз Чударӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон дар баёнияе гумоназаниҳо дар матбуот дар бораи тасмими Исломобод барои дар ихтиёри Амрико қарор додани ҳар гунаи пойгоҳро комилан беасос донист ва гуфт : « Ҳеч пойгоҳи низомӣ ё ҳавоии Амрико дар Покистон вуҷуд надорад ва чунин пешниҳоде низ пешбинӣ нашудааст . »
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон таъкид кард : « Ҳар гуна ҳадсу гумон дар ин маврид беасос ва ғайримасъулона аст ва бояд аз он худдорӣ шавад . »
Такзиби ҳар гуна тавофуқи Покистон бо Амрико барои вогузорӣ ё сохти пойгоҳи низомӣ ба ин кишвар пас аз он сурат гирифт, ки бархе расонаҳои минтақа гузориш доданд Амрико дар ҳоли сохти як пойгоҳи низомӣ дар ду минтақаи наздики марзи Покистону Афғонистон дар манотиқи қабоилӣ аст .
Аз замони эъломи тасмими Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико барои хориҷ кардани низомиёни ин кишвар аз Афғонистон то сентябри 2021 гумонаҳои бисёре дар бораи барномаи Кохи Сафед барои сохт ва ё дар ихтиёр гирифтани пойгоҳи низомӣ дар Покистон матраҳ шудааст .
Бархе мақомоти сиёсӣ ва низомии Амрико дар ҳафтаҳои ахир бидуни ишора ба номи Покистон таъкид карда буданд барои назорат бар Афғонистон бояд бахше аз неруҳои амрикоӣ дар пойгоҳе дар ҳамсоягии Афғонистон мустақар шаванд .
Агар чӣ мақомоти Амрико аз Покистон ба унвони гузинаи нигаҳдории бахше аз нерӯ ва таҷҳизоти худ дар ин кишвар пас аз тарки Афғонистон ном набурдаанд, аммо дар моҳҳои ахир гузоришҳое дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомии Амрико аз Афғонистон ба Покистон мунташир шуд, ки ин масаъла дар конуни тавваҷуҳи расонаҳои минтақа қарор гирифт .
Ҳассосияти мардуму аҳзоби Покистон дар бораи истиқрори дубораи бахше аз нерӯ ва таҷҳизоти Амрико дар он кишвар ба ҳадде зиёд аст, ки ба маҳзи интишори ахбору гузоришҳое дар бораи эҳтимоли вогузории пойгоҳи низомӣ ба Вашингтон, ба суръат мақомоти Покистон ба он вокуниш нишон дода ва онро такзиб мекунанд .
Амрико ҳудуди 9 сол пеш маҷбур шуд охирин пойгоҳи низомии худ дар Покистонро ба Исломобод бисупорад ва ин масаъла яке аз хостаҳои аслии мардуми Покистон аз мақомоти кишварашон дар танзими равобит бо Вашингтон буд, зеро вуҷуди пойгоҳи амрикоӣ дар Покистон мояи нигаронии мардуми ин кишвар аст . Покистониҳо аз он бимноканд, ки бо ҳузури дубораи низомиёни амрикоӣ дар хоки кишварашон гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла Толибон барои густариши амалиёти зиддиамрикоӣ дар хоки кишварашон таҳрик шаванд.
Ба рағми такзиби вуҷуди ҳар гуна пойгоҳи низомии Амрико дар Покистон ё тасмими Исломобод дар ин замина, дидори ахири мушовири амнияти миллии Амрико бо ҳамтои покистонии худ дар Женева, нигарониҳоро дар бораи фишори Кохи Сафед бар Исломобод дар ин мавзӯъ афзоиш додааст .
Бештар бихонед :
- Мухолифати Покистон бо ҳузури низомиёни амрикоӣ дар он кишвар
-
Ибрози нигаронии Афғонистон аз ҳузури сарони Толибон дар Покистон