Боку: Нерӯҳои арманӣ ба мавозеъи артиши Озарбойҷон тирандозӣ карданд
(last modified Wed, 26 May 2021 14:10:18 GMT )
Май 26, 2021 19:10 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти нерӯҳои арманӣ талафоти ҷонӣ надоштааст
    Иқдомоти нерӯҳои арманӣ талафоти ҷонӣ надоштааст

Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз (чаҳоршанбе) дар гузорише нерӯҳои Арманистонро ба тирандозӣ ба мавозеъи воҳидҳои артиши ҷумҳурии Озарбойҷон дар чанд меҳвари марзи муштараки ду кишвар муттаҳам кард.

Ба гузориши ИРНА, нерӯҳои Арманистон дар ду рӯзи ахир ба мавозеъи қисмҳои артиши ҷумҳурии Озарбойҷон мустақар дар шаҳристонҳои марзӣ, тирандозӣ карданд.

Гузориши вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон ҳокист, ки нерӯҳои Арманистон ҳамчунин дар наздикии мавозеъи нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон мустақар дар масири атрофи шаҳри Шушо шиллики ҳавоӣ кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, иқдомоти нерӯҳои арманӣ талафоти ҷонӣ надоштааст.

Ҷумҳурии Озарбойҷон дар даргириҳои низомии 44 рӯзаи соли 2020, ки ба ҷанги Қарабоғ маъруф шуд, тавонист сарзаминҳои ишғол шудаи худро пас аз ҳудӯди се даҳа аз тасарруфи Арманистон озод кунад.

Ин даргириҳо даҳуми ноябри соли гузашта бо имзои баёнияи сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва нахуствазири Арманистон поён ёфт.

Бештар бихонед: