Май 27, 2021 13:14 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон тақрибан ду ҳафта дар се минтақаи наздимарзии Арманистон мустақар  шудаанд
    Нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон тақрибан ду ҳафта дар се минтақаи наздимарзии Арманистон мустақар шудаанд

Шаш низомии Арманистон ба асорати нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон даромаданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои  Эрон, вазорати дифои Арманистон эълом кард низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе шаш низомии арманиро, ки дар минтақаи марзии устони Гегаркуник  Gegharkunik  ин кишвар  фаъолияти муҳандисӣ мекарданд асир карданд. 

Вазорати дифои Арманистон таъкид кард барои озодии ин шаш низомӣ талош мекунад.

Вазорати дифои Арманистони рӯзи сешанбе ҳам эълом карда буд як низомии артиши ин кишвар ба зарби гулӯлаҳои низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи марзии Шуржо дар устони Гегаркуник кушта шуд. 
  

Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар посух эълом кард ин низомӣ бар асари як ҳодиса  ҷон  бохт ва ин мавзӯ  ҳеч иртиботе ба нерӯҳои низомии озарии кишвар надорад. 

Нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳудуди ду ҳафта аст ки дар се минтақаи марзӣ аз хоки Арманистон мустақар шудаанд. 

Давлати Арманистон барои хуруҷи низомиёни ҷумҳурии Озарбойҷон аз хокаш аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Раиси Ҷумҳурии Русия  Владимир  Путин  дархост кумак кардааст. 

Мақомоти Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас ва  тавофуқномаи сулҳи 9 ноябри 2020 дар бораи Қаррабоғ муттаҳам мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп