Октябр 27, 2016 14:43 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин амалиёти тақвияти низомии НАТО дар марзҳои Русия

Кишварҳои узви Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) бар ҳамкории худ дар бузургтарин амалиёти тақвияти низомии ин эътилоф дар марзҳои Русия, пас аз поёни давраи "ҷанги сард" таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар ростои бузургтарин амалиёти тақвияти низомии НАТО  дар марзҳои Русия пас аз Ҷанги сард, Англис рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, соли оянда ҷангандаҳояшро ба Руминия хоҳад фиристод ва Амрико низ ваъда дод, ки сарбозон, тонкҳо ва тӯпхонаашро дар Полша мустақар хоҳад кард.

Олмон, Канада ва соири муттаҳидони НАТО низ дар нишасти вазирон дифои ин созмон, эълом карданд, ки нерӯҳои худро равонаи Полша ва Руминия хоҳанд кард.

Ийенс Столтенберг- дабири кулли НАТО гуфт, мушорикати ин нерӯ барои эҷоди нерӯи ҷадид ва қудратманд дар Балтика ва Аврупои Шарқӣ, посухе ба 330 ҳазор нерӯи русии мустақар дар бахши ғарби Русия аст.

Столтенберг аз ин тарҳ ба унвони як омили боздорандагии мутмаин ва абзоре барои боздорандагӣ ва на таҳрик ба даргирӣ ёд кард.