Ҷанҷоли лаъни Отатурк дар масҷиди Аёсуфияи Туркия
(last modified Mon, 31 May 2021 09:13:00 GMT )
Май 31, 2021 14:13 Asia/Dushanbe
  • Соли 2020 пас аз 86 сол барпоии намоз дар масҷиди Аёсуфияи Туркия аз сар гирифта шуд
    Соли 2020 пас аз 86 сол барпоии намоз дар масҷиди Аёсуфияи Туркия аз сар гирифта шуд

Лаъни Отатурк дар масҷиди Аёсуфияи Туркия аз сӯи имоми ин масҷид, вокунишҳои зиёдеро дар ин кишвар ба ҳамроҳ доштааст.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, хатиби масҷиди Аёсуфия ҳангоми ҳузури Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия барои ифтитоҳи ин масҷид гуфт: “Парвардгоро муқаддар нафармо, ки якбори дигар тарзи фикри золимонаи Отатурк бар уммати мо ҳукмфармо шавад.”  

Ин суханон ҳамзамон бо қироати Қуръон ва ойини гушоиши ин масҷид мавҷе аз вокунишҳоро ба вижа дар байни миллигароёни Туркия ва раисони аҳзоби ин кишвар ба ҳамроҳ доштааст.

Дар ин бораи Баҳодури ардми Бахадир Эрдем, муовини раҳбари Ҳизби хуби Туркия ва аз миллигароёни ин кишвар гуфт: “Агар Мустафо Камоли Отатурк набуд афроде, ки ба ӯ тавҳин карданд ҳам имрӯз набуданд.”  

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин Али Ербаш, раиси Созмони диёнат ҳангоми бозгушоии масҷиди Аёсуфия ва тағйири корбарии он аз музей ба масҷид алайҳи Отатурк суханронӣ карда ва муҷиби хашми миллигароёни Туркия шуда буд.

Мустафо Камоли Отатурк, бунёнгузори дунявӣ ва миллигарои ҷумҳурии Туркия ва нахустин раисҷумҳури ин кишвар дар 1923 буд, ки барои пешрафти ин кишвар ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии бисёре анҷом дод.

Бештар бихонед: