Интишори тасвирҳое аз мушаки ҷадиди боллистики Русия
Русия тасвирҳое аз мушаки "Сатана-2" -ро ки қудрати нобудии минтақае ба вусъати иёлати Техаси Амрико ва ё кишвари Фаронсаро дорад, мунташир кард.
Шабакаи хабарии Си Эн Эн рӯзи панҷшанбе гузориш дод, ширкати русии созандаи ин мушак нахустин тасовир аз ин силоҳи мухаррибро, ки аз таслеҳоти ҷадиди зарродхонаи Русия ба шумор меравад, мунташир кард.
Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ин мушаки боллистики байниқораиро "Сатана 2" (Шайтони 2) мехонад, аммо пештар ва дар моҳи май хабаргузории "Спутник" эълом карда буд, ки ракетаи "Сармат RS-28" (ё ҳамон "Сатана -2") тавоноии аз байн бурдани бахшӣ аз замине ба вусъати иёлати Техас ва ё кишвари Фаронсаро дорад.
Юрий Борисов, муовини вазири дифои Русия сешанбеи гузашта гуфт, ки кулоҳаки ҷангии мушаки "Сатана –2" тавоноии онро дорад то аҳдоферо фаросӯи ҳар ду қутби шимолу ҷануб ҳадаф қарор диҳад.
Бинобар ин гузориш, ин мушак дорои бурди 11 ҳазор километрӣ ва қодир ба ҳамли кулоҳаки ҷангӣ ба вазни сад тон асту қарор аст ҷойгузини мушаки "Воевода" Р-36М2 шавад.