Поёни размоиши муштараки Мисру Русия
Октябр 27, 2016 17:27 Asia/Dushanbe
Размоиши муштараки Мисру Русия бо унвони «Ҳомиёни садоқат» поён ёфт.
Ба гузориши шабакаи телевизионии "ал-Ахбория"-и Сурия, Вазорати дифои Миср бо судури баёнияе эълом кард, дар ин размоиш, ки 15 октябр дар як мавзеи саҳроии шимолу ғарби Қоҳира, пойтахти Миср оғоз шуд, беш аз 700 низомӣ ҳузур доштанд ва тайи он барномаҳои мухталифи амалиётӣ ва омӯзишии воҳидҳои вижа тамрин шуд. Бинобар ин гузориш, мудирияти ҷанги шаҳрӣ, мубориза бо терроризм, озодсозии гаравгонҳо ва боздоштшудагон бо ҳамкории нерӯҳои ҳавоӣ аз меҳварҳои дигари ин размоиш буд.
Нозирони сиёсии баргузор шудани ин размоишро нишонае аз наздик шудани Миср ба Русия ва фосила гирифтан аз Ғарб арзёбӣ мекунанд.