Нетаняҳу: Агар Беннетт нахуствазир шавад, бояд тавофуқи ҳастаии Эронро бипазирем
(last modified Mon, 07 Jun 2021 05:56:15 GMT )
Июн 07, 2021 10:56 Asia/Dushanbe
  • Нетаняҳу: Агар Беннетт нахуствазир шавад, бояд тавофуқи ҳастаии Эронро бипазирем

Нахуствазири феълии режими саҳюнистӣ муддаист, агар раиси ҳизби Ямино ба ҷои ӯ дар раъси Тел-Авив қарор бигирад, дар баробари фишорҳои Амрико барои пазируфтани тавофуқи ҳастаии Эрон ва ҳамчунин таваққуфи шаҳраксозиҳо муқовимат намекунад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири феълии режими саҳюнистӣ дар охирин тақаллоҳои худ барои боқӣ мондан дар қудрат, бори дигар саъй кард, аз мавзуи Эрон ва тавофуқи ҳастаӣ барои мунсариф кардани намояндагони Кенессет аз раъй додан ба кобинаи ҷадид сӯиистифода кунад.

Нетаняҳу асри якшанбе таи суханронӣ дар ҷамъи аъзои ҳизби худ (Ликуд) муддаӣ шуд, агар кобинаи ҷадиде ташкил шавад, ки дар он Нафтали Беннетт нахуствазир бошад, Тел-Авив маҷбур мешавад, ки тавофуқи ҳастаии Амрико бо Эронро бипазирад.

Бештар бихонед:

 

Интиқод аз Натаняҳу ба далели харобкории террористӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон

Ба навиштаи рӯзномаи Ҷерузалем пост, вай бо баёни инки Тел-Авив тавассути давлати ҷадиди Вашингтон таҳти фишор бисёре барои пазируфтани эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон қарор дорад, аммо муддаӣ шуд, ки худаш токунун дар баробари ин фишорҳо муқовимат кардааст.

Нетаняҳу, ки худро дар як қадамии аз даст додани қудрати 12 сола дар режими ҷаълии Исроил мебинад, гуфт: “Ин кобинае хоҳад буд, ки наметавонад дар баробари фишорҳои Амрико барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон муқовимат кунад тавофуқе, ки ба Эрон бомби атомӣ медиҳад, то моро таҳдид кунад”.

Вай дар идомаи иддаоҳои беасоси худ афзуд: “Замоне, ки ин тавофуқ эҳё шавад, кобинаи амниятӣ бо ҳузури Лапид, Майкл ва Горовитс, ҳеч иқдоми шуҷоонаеро дар дохили Эрон тасвиб нахоҳад кард”.