Ҷанги вирусии Вашингтон алайҳи Пекин
Вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кард, ки давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико мусаммам аст маншаи аслии Ковид -19 -ро кашф кунад ва афзуд, Амрико Чинро масъул медонад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии амрикоии “Аксиус”, Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико дар як гуфтугӯи телевизионӣ бидуни ироаи мустанадот, Чинро масъули ҳамагирии кунунии ҷаҳонӣ донист ва эълом кард: Давлати Байден мусаммам ба пайдо кардани маншаи аслии вируси корона аст.
Блинкен дар идомаи изҳороташ хотирнишон кард, Чин ҳанӯз мадорики мавриди ниёзу шаффофро ба мо ироа накарда, дастрасии бозрасону коршиносони байналмилалиро фароҳам нанамуда ва иттилооти лозимро ба иштирок нагузоштааст.
Вай ҳамчунин гуфт: Агар Чин иддао мекунад, ки як бозигари байналмилалии масъулиятпазир аст, бояд тамоми талоши худро барои дар ихтиёр гузоштани тамоми иттилооте, ки дорад, ба кор гирад то ин итминон эҷод шавад, ки аз вуқӯи як ҳамагирии ҷаҳонии дигар ҷилавгирӣ мешавад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико барои фирор аз ҳаҷмаи интиқодот аз худ, ба хотири заъфи амалкардаш дар муқобила бо вируси корона, Чинро ба пинҳон кардани иттилоот дар бораи вируси корона муттаҳам кард.
Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иддаоҳои мақомоти амрикоӣ дар бораи густариши вуруси корона аз Чинро ғайримантиқӣ ва ғайриақлонӣ донистааст.
Бештар бихонед:
- Ваксинатсияи беш аз 100 миллион чинӣ дар баробари корона
- Мушоҳидаи анвои ҷадиди корона дар куршаппаракҳои Чин
- Хисорати 185 миллиондолларии Чин аз густариши корона