Июн 10, 2021 13:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари собиқи Мянмар ба фасод муттаҳам шуд
    Раҳбари собиқи Мянмар ба фасод муттаҳам шуд

Раҳбари собиқи Мянмар, ки дар кудатои низомии аввали феврал сарнугун шуд, расман ба фасод муттаҳам шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, рӯзномаи расмии “Global News Light of Myanmar” рӯзи панҷшанбе эълом кард Аун Сан Су Чжи, ки амалан давлати ғайринизомии Мянмаро то пеш аз кудато идора мекард, бавижа ба дарёфти 600 ҳазор доллар ва чанд кило тилло ришваа ва суиистифода аз мавқеъият муттаҳам шудааст.

Аун Сан Су Чжи, пештар барои шаш иттиҳоми дигар аз дар ихтиёр доштани ғайриқонунӣ то нақзи қонуни марбӯт ба асрори ҳукуматӣ таҳти пайгард қарор гирифта буд. Аун Сан Су Чжи бо иттиҳомоте, аз ҷумла тасоҳуби амволи номашрӯъ, таҳрик ба нооромиҳои умумӣ ва эҳмол дар бораи маҳдӯдиятҳои коронаӣ низ мувоҷеҳ аст.

Раҳбари барканоршудаи Мянмар ҳамчунин ба далели сукӯт дар баробари наслкушии мусулмонони Руҳингиё ва бархӯрдҳои ҳукӯмат бо ин қавм, аз сӯии кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалии зиёде маҳкӯм шудааст.

Артиши Мянмар рӯзи якуми феврал бо анҷоми як кудатои низомӣ Аун Сан Су Чжиро аз қудрат барканор ва бо ташкили як шӯрои низомӣ идораи ин кишварро дар даст гирифт, ки мӯҷиби норизоятӣ ва ҳарҷу марҷ дар Мянмар шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп