Июн 12, 2021 09:00 Asia/Dushanbe
  • Маросими бузургдошти бисту ҳаштумин солгарди шаҳодати шаҳид Расули Ҳайдарӣ дар  Босния баргузор шуд
    Маросими бузургдошти бисту ҳаштумин солгарди шаҳодати шаҳид Расули Ҳайдарӣ дар Босния баргузор шуд

Маросими бузургдошти бисту ҳаштумин солгарди шаҳодати шаҳид Расули Ҳайдарӣ ва ҳамразмаш бо ҳузури гурӯҳе аз мақомот ва мардуми маҳаллӣ дар минтақаи Какании Босния баргузор шуд.

Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва Симо ­ маросими бузургдошти бисту ҳаштумин солгарди шаҳодати шаҳид Расули Ҳайдарӣ ва ҳамразми боснияиаш шаҳид Муҳаммад Авдич бо ҳузури сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар ин кишвар ва ҷамъе аз ҳамкорон ва аъзои ниҳодҳои эронӣ, теъдоде аз имомони масоҷид, ҳамразмони қадимии ин ду шаҳид ва гурӯҳе аз мақомот ва мардуми маҳаллӣ дар минтақаи каканӣ баргузор шуд.

Дар замони ҷанги Босния ва Герсеговина ҳазорон нафар аз ҷавонони эронии довталаби ҳузур дар ин кишвар барои мутаваққиф кардани зулму хушунат алайҳи афроди бегуноҳ ва ҳимоят аз адолат буданд.