Эъзоми нерӯҳои низомии Олмон ба марзҳои Русия
Олмон ба марзҳои Русия танк ва нерӯи низомӣ эъзом кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Берлин таъйид кардааст, ки 2 танки “Леопард”-ро ба Литва, ба марзҳои ин кишвар бо Русия эъзом кардааст. Ин иқдом ба унвони бахше аз барномаҳои НАТО мабнӣ бар тақвияти кишварҳои ҳавзаи Балтика дар пайи таҳаррукоти низомии Русия анҷом мешавад.
НАТО эълом кардааст, ки ҳимоят аз Литва дар баробари Русия яке аз масъулиятҳои Олмон аст. Вазорати дифои Олмон ҳамчунин ваъда дод, ки илова бар танкҳо 650 низомӣ ҳам ба ин минтақа эъзом мекунад.
Бинобар ин гузориш, горди муташаккил аз ҳудуди ҳазор низомӣ аз июни соли оянда дар Литва мустақар хоҳад шуд. Қарор аст, аз 450 то 650 нафар аз нерӯҳои артиши Олмон ба ин кишвар фиристода шаванд ва бақияи онҳо ҳам аз Франса, Белгия ва Хорватия дар ин амалиёт ширкат хоҳанд дошт.
Расонаҳои Олмон эълом кардаанд, ки нерӯҳои омӯзишдидаи муҷаҳҳаз ба танк, зиреҳпӯш, снайпер ва муҳандис ба Литва хоҳанд рафт.