Афзоиши талафоти инфиҷори газ дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i68786-Афзоиши_талафоти_инфиҷори_газ_дар_Чин
Шумораи куштаҳои инфиҷори газ дар устони Хубей дар маркази Чин афзоиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 15, 2021 13:01 Asia/Dushanbe

Шумораи куштаҳои инфиҷори газ дар устони Хубей дар маркази Чин афзоиш ёфт.

Ба гузориши ИРНА, инфиҷори газ дар шаҳри Сиан дар музофоти Хубэй токунун 25   кушта ва 38   маҷрӯҳ барҷой гузошт.

Наҷотбахшон то ҳол қурбониёни эҳтимолиро дар зери харобаҳо ҷустуҷӯ доранд. Сабаби таркиши газ дар вилояти Хубэйи Чин номаълум боқӣ мондааст.

Ин таркиш соати 6: 30-и рӯзи якшанбе дар як маҷмааи истиқоматӣ дар минтақаи  Чжанвангрух дод.