Октябр 30, 2016 18:36 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Путин аз рӯйкарди Аврупо дар қиболи Русия

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ишора ба доман задани Амрико ба падидаи "Русияҳаросӣ" дунболаравии Аврупо аз Амрикоро нодуруст донист.

Вай бо баёни инки рӯйкарди "Русияҳароси"-и Амрико тамасхуромез аст, таъкид кард, аз таҳдиди воҳии мунтасаб ба Русия барои аҳдофи сиёсӣ истифода мешавад .

Путин рӯзи шанбе дар нишасти сиёсии иқтисодӣ дар Сочи афзуд, Вашингтон таҳдиди воҳӣ аз ҷониби Маскавро ҳамвора матраҳ мекунад ва доман задан ба ин рӯйкард, ба тиҷорати судоваре барои Амрико табдил шудааст. Путин дар бораи сиёсатҳои зидди русии Вашингтон афзуд, дар ғарб ва Амрико сухан гуфтан аз таҳдиди низомии Русия ҳамешагӣ аст, то ба баҳонаи он буҷетҳои низомии кишварҳои узви НАТО афзоиш ёбад ва аъзои аврупоии ин созмон ба нафъи як абарқудрат яъне Амрико иқдом кунанд. Путин таъкид кард, ки бо рӯйкарди зидди русии Амрико, НАТО густариш меёбад, таъсисоти низомии он наздики марзҳои Русия эҷод мешавад ва воҳидҳои низомии муҷаҳҳаз ба таслеҳоти ҷадид дар шарқи Аврупо истиқрор меёбанд .

Интиқоди Путин аз табаияти бе чуну чарои Аврупо аз Амрико дар воқеъ инъикоси норизоятии Маскав аз раванди коҳишии равобити Русия бо Аврупо аст, ки дар давраи тиллоии он намоди равобити намунаи байни шарқ ва ғарби Аврупо шумурда мешуд. Дар воқеъ равобити Русия ва Аврупо дар ду солу ними ахир бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи асосии дутараф дар бораи буҳрони Украина дучори танишҳои зиёде шудааст. Акнун парадигмаи равобити Русия бо бузургтарин ниҳоди аврупоӣ яъне Иттиҳоди Аврупо дучори таҳаввули асосӣ шуда ва дигар наметавон интизор дошт, ки равобити ин ду бозигари бузурги арсаи Аврупо ба ҳолати собиқ боз гардад. Иттиҳоди Аврупо ҳамросто бо рӯйкарди куллии ғарб дар қиболи Русия, мусаммам ба муқобила бо сиёсатҳои Маскав аст ва ба ҳамин ҷиҳат аз ҳарбаи таҳрим барои тазъифи Русия истифода кардааст. Баҳонаи расмии эъмоли таҳримҳои густардаи Иттиҳоди Аврупо дар канори Амрико ва бархе дигар аз кишварҳои блоки ғарб монанди Ҷопон, Канада ва Австралия алайҳи Русия, буҳрони Украина ва мавзеъгирии Маскав дар заминаи ҳимоят аз мухолифони ҷудоиталаб дар шарқи Украина аст, аммо Русия ин иттиҳомро рад мекунад .

Маскав таслими фишорҳои таҳримии ғарб нашудава камокон бар мавзеи худ дар қиболи Украина таъкид мекунад ва дар айни ҳол ба эъмоли таҳримҳои мутақобил алайҳи Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои блоки ғарб мубодират кардааст. Идомаи чунин рӯйкарде сирфан боиси афзоиши бадбинӣ ва таниш байни Русия ва ғарбиҳо шуда ва Маскавро водор карда, то рӯйкарди куллии худ дар қиболи ғарб аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ки то қабл аз буҳрони Украина шарики тиҷории аввали Русия маҳсуб мешудро тағйир диҳад. Қабл аз густариши буҳрони Украина ва дар давраи тиллоии равобити Руия ва ғарб, Маскав таомулоти қобили таваҷҷуҳи иқтисодӣ, тиҷорӣ, молӣ ва ҳатто низомиву таслеҳотӣ бо шуракои аврупоии худ барқарор карда буд. Бо ин ҳама буҳрони Украина ва таниши физояндаи байни ду тараф бар сари Украина боис шуд, то равобити мубтанӣ бар ҳамкорӣ ва шарокати Русия ва Иттиҳоди Аврупо ба равобите рӯгароёна ва мубтанӣ бар бадбинӣ табдил шавад. Ин рӯйкарди аврупоиҳо барои онҳо зиёнҳои молии ҳангуфтеро бадунбол доштааст. Дар айни ҳол ҳамонгуна, ки Путин низ дар изҳороти ахири худ ба он ишора карда, кишварҳои аврупоии узви НАТО бо Амрико дар заминаи сафороии низомӣ дар шарқи Аврупо бавижа ҳавза Балтик ва дарёи сиёҳ ҳамдостон шудаанд. Тақвияти ҳузури НАТО дар кишварҳои шарқи Аврупо дар шароитест, ки Русия борҳо нисбат ба ин иқдом ҳушдор додааст. Дар ин чорчуб, сарони ин созмон дар нишасти Варшава дар ростои барномаҳои аз қабл мушаххасшуда, афзоиши ҳузури низомиёни НАТО дар кишварҳои ҳавзаи Балтик ва низ Полшаро тасвиб карданд, ки ин масъала вокуниши мутақобили Маскавро бо афзоиши ҳузури низомиёни русӣ дар марзҳои ғарбии ин кишвар бадунбол доштааст. Аз дидгоҳи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, иқдомоти НАТО дар тақвияти мавозеи низомии худ дар Полша ва ҳавзаи Балтик бо ҳадафи зарба задан ба тавозуни низомӣ дар шарқи Аврупо анҷом мешавад .