Борл: Эҳёи БарҶом барои Иттиҳоди Аврупо муҳимтарин масъала аст
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бидуни ишора ба нақши мунфаилонаи ин иттиҳодия дар пешбурди аҳдофи БарҶом, эҳёи БарҶомро масъалаи муҳим арзёбӣ кард.
Ҷозеф Борл рӯзи душанбе, дар остонаи баргузории нишасти вузарои умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи охирин вазъияти музокироти Вена гуфт: Дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар хусуси эҳёи БарҶом душвор аст, аммо гуфтугӯҳо идома дорад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо нодида гирифтани хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом (8 май 2018) ва коршикании бархе шарикони аврупоӣ перомуни ин тавофуқ, ибрози умедворӣ кард, ки тағйири раёсати ҷумҳурии Эрон таъсири манфӣ бар раванди расидан ба тавофуқи эҳёи БарҶом нагузорад.
Пештар Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфта буд, ки музокироти Вена рабте ба натоиҷи интихобот ва таҳаввулоти дохилии Эрон надорад.
Рӯзи гузашта шашумин даври нишасти Комиссияи муштараки БарҶом бо ҳузури намояндагони Эрон ва гурӯҳи 1 + 4 (Чин, Фаронса, Олмон, Русия, Британия) ва бидуни ҳузури Амрико ба раёсати Энрике Мора, муовини намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷӣ, дар “Гранд Ҳотел” -и Вена поён ёфт.
Бештар бихонед: