Июн 24, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Акнӯн ин вебсайтҳо дар дастрас нестанд ва фақат паёми масдудӣ аз вазорати додгустарии Амрико қобили мушоҳида аст
    Акнӯн ин вебсайтҳо дар дастрас нестанд ва фақат паёми масдудӣ аз вазорати додгустарии Амрико қобили мушоҳида аст

Давлати Амрико ба тозагӣ чандин вебсайти мутааллиқ ба ҷараёни муқовимат, аз ҷумла вебсайтҳои «Пресс Тв» , «Ал Олам», мутааллиқ ба Эрон ва «Ал Масира»-и ҷумбиши Ансоруллоҳро масдӯд кард. Ҳам чунин чандин вебсайти мутааллиқ ба ҷараёни муқовимат дар Ироқ, аз ҷумла «Ал Маълума» ва « Катоиби Ҳизбуллоҳ» ва вебсайтҳои интерентии Фаластин “Ал Явм”, “Наба” ва “Ал Кавсар” низ тавассути давлати Амрико баста шудааст.

Вазорати додгустарии Амрико дар баёнияи худ иддао карда, ки доманаҳои 36 вебсайти расонаҳои Эрон ва ҳамчунин гурӯҳҳои вобаста ба онро ба далели ба истилоҳи интишори «иттилооти гумроҳкунанда» ва иқдомоти «хушунатомез» масдӯд кардааст.

Дар ин росто доманаи 33 вебсайти Иттиҳодияи радио ва телевизиони исломӣ (IRTVU) ва ҳамчунин се вебсайти вобаста ба « Катоиби Ҳизбуллоҳ»-ро ба далели нақзи таҳримҳои Амрико тавқиф кардааст.

Дар ҳоли ҳозир вебсайтҳои ёд шуда дар дастрас нестанд ва фақат паёми масдӯд шудани онҳо тавассути вазорати додгустарии Амрико қобили мушоҳида аст. Бар асоси паёми рӯи сафҳаи аслии сайтҳои ёд шуда, вазорати додгустарии Амрико гуфта, ки тавқифи ин вебсайтҳо бар асоси дархости дафтари санъат ва амнияти вазорати бозаргонии Иёлоти муттаҳида иттихоз шудааст.

Ба назар мерасад ҳадафи Амрико аз ин иқдом, ки бар хилофи иддаои он дар заминаи тарафдорӣ аз ҷараёни озоди иттилоот аст, дар воқеъ ҳарос аз ифшои ҳақоиқ бавижа ҷиноёти Амрико ва муттаҳидони минтақаии он бавижа эътилофи Саудӣ дар ҷанги Яман ва низ ҷиноёти бешумори режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо дар арозии ишғолӣ аст. Зимни инки бастани вебсайтҳои вобаста ба ҷараёни муқовимат дар Ироқ низ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз интишори ахбор ва гузоришҳо ва низ мавозеъи гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ алайҳи ишғолгарони амрикоӣ, ки бо тавваҷуҳ ба мусаввабаи порлумони Ироқ ба таври ғайриқонӯнӣ дар ин кишвар мустақар ҳастанд сӯрат гирифтааст.

Албатта ин барои нахустин бор нест, ки Амрико мубодират ба бастани вебсайтҳои мутааллиқ ба Эрон мекунад. Дар авохири январи 2020 низ вебсайти хабаргузории “Форс” тавассути Амрико масдӯд шуда буд. Бо ин ҳол, ин иқдомм Вашингтон монеъи тадовуми фаъолияти ин расонаҳо нашудааст. Дар ин росто шабакаи “Ал Олам” ва “Пресс Тв” бо ҳадафи истимрори иттилоърасонӣ аз ин пас бо доманаи “Ir” дар фазои маҷозӣ ба фаъолияти худ идома хоҳанд дод. Ин аввалин бор нест, ки Амрико бо эъмоли фишорҳои гӯногӯн, шабакаҳои байналмилалии мутааллиқ ба Эрон бавижа шабакаи англисизабони “Пресс Тв”-ро, ки дорои мухотабони зиёде дар сатҳи ҷаҳонастро ҳадафи терроризми расонаии худ кардааст. Илова бар қатъи моҳвораӣ, борҳо ва борҳо ҳисобҳои корбарии ин шабака дар платформҳои иҷтимоии мухталиф масдӯд шудааст. Дар охирин иқдом алайҳи “Пресс Тв”,  “Google” ҳисоби корбарии ин шабака дар Ютюбро барои ҳамеша масдӯд кард.

Доктор Рӯҳуллоҳ Мудабир, таҳлилгари масоили байналмилал мегӯяд: “Пресс Тв” бозии расонаҳои ғарбиро ба ҳам зада ва бо забони худи онҳо дар доманаи нуфӯзи Амрико тавонист ҳақоиқро бидуни восита аз манобеи аслӣ бо зарофатҳои расонаӣ мунташир кунад. Ин падида мӯҷиб шуда, ки тарафи истикборӣ эҳсоси хатар кунад, чаро ки муаллафаи бозӣ тағйир карда ва акнӯн мухотаб метавонад воқеиятро дарк кунад дигар таҳти таъсири таблиғоти як тарафаи онҳо нест.

Дар соли 2013 низ шабакаҳои бурӯнмарзии телевизиони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба забонҳои дигар барнома пахш мекунанд бо маҳдӯдиятҳои зиёде рӯи моҳвораҳои “Hotbird”, “Nyelst” ва “Eutelsat” рӯбарӯ шуданд ва моҳҳо пахши барномаҳои онҳо рӯи ин моҳвораҳо қатъ буд.

Дар айни ҳол, иқдоми Амрико дар бастани 36 доманаи интерентии расонаҳои вобаста ба муқовимат дар кишварҳои ғарби Осиё нишондиҳандаи ин аст, ки давлати Байден низ ҳамонанди давлати Трамп рӯйкарди хасмонаи худ алайҳи Эрон ва гурӯҳҳои муқовиматро идома дода ва ба рағми ин иддао, ки қасди тағйири рӯйкарди қаблии Амрико дар ғарби Осиё ва пайгирии сиёсатҳои ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла ҳақи озодии баёнро дорад, аммо ҳамчунон дар ростои хомӯш кардан садоҳои эътирозӣ алайҳи сиёсатҳо ва иқдомоти ҷинояткоронаи Амрико ва муттаҳидони минтақаии Вашингтон иқдом мекунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп