Июн 24, 2021 18:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори шадидуллаҳни Русия ба Амрико ва НАТО

Вазорати дифои Русия бо ҳушдории шадидуллаҳн аз Амрико ва НАТО хост, то аз анҷоми иқдомоти таҳрикомез дар баҳри Сиёҳ даст бардоранд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар паи вуруди ғайриқонӯнии як киштии ҷангии Британия ба обҳои сарзаминии Русия дар атрофи нимҷазираи Қирим ва баҳри Сиёҳ, ки ба табодули оташи ихтор байни киштиҳои ҷангии Русия ва Британия анҷомид, вазорати дифои Русия ба Амрико ва НАТО ҳушдор дод : Бо иқдомоти таҳрикомези худ заминаи вуқуъи ҷанги тамомайёр дар баҳри Сиёҳро фароҳам накунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки Сергей Шайго-вазири дифоъи Русия дар конфронси амнияти байналмиллалӣ, ки бо ҳузури вазирони дифо, раисони ситодҳои кулл ва мақомоти олирутбаи низомии 108 кишвар дар Маскав дар ҳоли баргузорӣ аст, ба НАТО ҳушдор дода буд, аз тадовуми иқдомоти хасмона бар зидди Руусия даст бардоранд .
Тибқи ин гузориш вазорати дифои Русия шаби гузашта эълом кард : Нерӯҳои флоти баҳри Сиёҳи Русия бо расади нақзи марзҳои обии Русия як киштии Британияро пас аз бетаваҷҷуҳӣ ба ҳушдорҳо, бо шиллеки ихтор мутаваққиф карданд .
Ҳамзамон бо ин вокуниш вобастаи низомии сафорати Британия ба бахши низомии вазорати умури хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози шадиди давлати Рӯсия ба вай баён шуд .
Дар ҳамин росто Сергей Рябоков -муовини вазири умӯри хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе дар нишасте бо унвон " Таҳдидҳои ҷаҳонӣ барои амнияти биологӣ" эълом кард : Маскав ба омилони иқдоми таҳрикомез ҳамонанди ҳодисаи киштишикани Дифндер  ҳушдор медиҳад, ки ин иқдомот мумкин аст пайомадҳои сангине дошта бошад .
Рябоков афзуд : Амрико дар талош аст то ба  марказҳои микробиологии кишварҳои дигар ба сурати якҷониба даст ёбад ва аз он ба унвони абзоре барои аҳдофи худ истифода кунад .
Иқдомоти Ғарб ва Амрико дар баҳри Сиёҳ дар ҳоле аст, ки пештар Владимир Путин-раиси ҷумҳӯрии Русия аз идомаи тақвияти зарфияту зерсохтҳои низомии НАТО наздики марзҳои ин кишвар интиқод карда буд .
Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) ва Амрико ба унвони узви барҷастаи он  аз соли 2014 бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти Украина ва афзоиши таниш миёни Киев ва Маскав ба далели пайваст кардани Қирим ба хоки Русия нерӯҳои худро дар баҳри Сиёҳ густариш додааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп