Иддаои ҷадиди Амрико дар бораи бозгашт ба Барҷом
(last modified Sat, 26 Jun 2021 09:38:07 GMT )
Июн 26, 2021 14:38 Asia/Dushanbe
  • Иддаои ҷадиди Амрико дар бораи бозгашт ба Барҷом
    Иддаои ҷадиди Амрико дар бораи бозгашт ба Барҷом

Вазири хориҷаи Амрико бидуни ишора ба хуруҷи ғайриқонунии Вашингтон аз Барҷом муддаӣ шуд, агар пешрафти барномаи ҳастаии Эрон идома ёбад, бозгашти Амрико ба Барҷом сахттар мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Энтони Блинкен вазири хориҷаи Амрико дар мусоҳибае бо рӯзномаи Амрикои Ню-Йорк  Таймс, ки бомдоди шанбе мунташир шуд, иддао кард, пешрафти барномаи ҳастаии Эрон метавонад ба монеъии ғайриқобили  убур табдил шавад ва ихтилофот бо Теҳрон дар бораи шароити бозгашти Вашингтон ба Барҷом ҳанӯз побарҷост.

Вазири хориҷаи Амрико муддаӣ шуд, ихтилофоти ин кишвар бо Эрон  замоне ҳал мешавад, ки Эрон ба таъаҳҳудоти худ зайли Барҷом пойбанд бошад.

Ин дар ҳолест, ки музокироти Барҷом пас аз 6 даври гуфтугӯҳои фишурда ва мустамар дар Вена, ба мароҳили поёнӣ наздик шуда ва дипломатҳо умедворанд то ин тавофуқи зарфи ҳафтаҳои оянда фаъол шавад.

Дар ҷараёни охирин нишасти камиссиюни муштараки Барҷом дар Вена, ҳайатҳо зимни ибрози хурсандӣ аз пешрафтҳои суратгирифта барои эҳёи Барҷом, бори дигар бар азму ҷиддияти худ барои пайгирӣ раванди гуфтугӯҳо бо ҳадафи ёфтани роҳи ҳалҳое барои чанд мавзӯе, ки ҳанӯз ҳаллу фасл нашудаанд таъкид карданд.

Дар поёни ин нишаст, ҳайатҳо барои касби дастуруламалҳои сиёсӣ дар бораи масоили боқимонда роҳии пойтахтҳо шуданд.

Саидаббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷа, ки раёсати ҳайати эронӣ дар музокироти Барҷомро бар ӯҳда дорад зимни ишора ба пешрафтҳои суратгирифта дар ин давр аз музокирот ба вижа дар маврид пешнависи мутуни музокироте, баён кард, ки мавзӯъоти муҳими боқимонда  ниёзманди тасмимгириҳои ҷиддӣ дар пойтахтҳо хусусан дар кишварҳои тарафи музокира аст.

Вай аз тарафҳои музокиракунанда хоста то бо ҷиддият ва иродаи қавӣ ҷиҳати ҳифзу эҳёии Барҷом бо воқеъбаинии тасмимоти лозимро иттихоз кунанд.

 

Бештар бихонед: