Июн 29, 2021 11:00 Asia/Dushanbe
  • Манёври \
    Манёври \"Насими баҳрӣ - 2021\" аз 28 июн то 10 июл дар Баҳри Сиёҳ баргузор мешавад

Вазорати дифои Русия дар як изҳорот гуфтааст, ки ҳаракатҳои низомиёни дар машқҳои Баҳри Сиёҳро назорат мекунад.

Ба гузориши Русия Ал-Явм Вазорати дифои Русия дар ин баёния эълом кард нерӯҳо ва таҷҳизоти киштии баҳри Сиёҳи ин кишвар дар ҳоли назорат бар таҳаррукоти киштиҳои Нерӯҳои мусаллаҳи муштараки НАТО ва сойири кишварҳои ширкаткунанда дар тамриноти «Насими дарёи 2021 » ҳастанд.

Манёври «Насими баҳрӣ – 2021 » байни 28 июн то 10 июл дар Баҳри Сиёҳ бо ҳузури нерӯҳои 32 кишвари шомили 40 киштӣ, 30 ҳавопаймо, 100 василаи нақлия ва зиреҳпӯшу ҳудуди 4000 сарбоз анҷом мешавад.

 

Сухангӯи вазорати дифоъи Русия Игор Конашенков қаблан гуфта буд, ки НАТО ин тамринҳоро барои таъмини таҷҳизоти низомии Украина истифода мекунад.

 

Сафорати Русия дар Вашингтон бо ишора ба ин ки ин размоиш  хатари иттифоқоти нохостаро афзоиш медиҳад ва тамоюлоти низомии Киевро ташвиқ мекунад,  Амрико ва муттаҳидонашро ба ҷилавгирӣ аз омӯзиш дар ин размоиши низомӣ даъват кард.

Воҳидҳои дарёии Созмони паймони Атлантики шимолии "Нато " ба сурати мудовим дар Баҳри Сиёҳ ҳузур доранд ва ҳар сол дар савоҳили Гурҷистон ва Украина размоишҳое баргузор мекунанд, ки Русия дар он душмани ниҳоӣ қаламдод мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп