Июл 01, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони Канада  бекор кардани Рӯзи миллии ин кишварро талаб карданд.
    Шаҳрвандони Канада бекор кардани Рӯзи миллии ин кишварро талаб карданд.

Пас аз кашфи қабрҳои дастаҷамъии кӯдакони бумӣ дар Канада, шаҳрвандони ин кишвар бекор кардани Рӯзи миллии ин кишварро талаб карданд.

Ба гузориши хабаргузории садо ва симо; илова бар шаҳрвандони Канада, раҳбарону мудофеъони бумиён дар ин кишвар  ҳам аз мардум хостанд ба эҳтироми аҷсоди беному нишоне, ки ахиран кашф шудаанд, ҷашнҳои миллиро баргузор накунанд.

Ҳар сола дар торихи 1 июл мардуми Канада ва бисёре аз канадаиҳои саросари ҷаҳон ба муносибати рӯзи миллии ин кишвар, ки солгарди тасвиби қонуни британияӣ  Амрикои шимолист ва ба мӯҷиби он боиси ташкили кишваре ба номи Канада гардид, оинҳоеро баргузор мекунанд.

Дар ҳафтаҳои гузашта кашфи ҳазорон ҷасади кӯдакон дар гӯрҳои ҷамъӣ дар сохтмони мадориси шабонарӯзии бумиёни Канада  вокунишҳои мухталифе дар дохил ва хориҷи ин кишвар доштааст. Ин кӯдакон солҳо пеш махфиёна дар гӯрҳое ҷамъӣ мадфун шуда буданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп