Таъкиди Маскав бар эҳёи комили тааҳҳудоти Амрико дар қиболи БарҶом
(last modified Fri, 02 Jul 2021 14:42:58 GMT )
Июл 02, 2021 19:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Маскав бар эҳёи комили тааҳҳудоти Амрико дар қиболи БарҶом

Вазири умури хориҷаи Русия бар бозгашти Амрико ба БарҶом бо эҳёи комили тааҳҳудоташ дар қиболи ин тавофуқ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар конфронси матбуотии муштарак бо Абдуллатиф Рашид ал Заёнӣ, вазири хориҷаи Баҳрайн эълом кард, бозгашти Амрико ба БарҶом бояд ба маънои эҳёи комили тааҳҳудоти Вашингтон дар қиболи ин тавофуқ ва қатъномаи Шӯрои амният бошад.

Вай афзуд, бо вуҷӯди инки пешрафт дар музокироти БарҶом қобили тавваҷуҳ будааст, аммо ҳануз дар ҳамаи маворид тавофуқ бадаст наомадааст.

Ин мақоми рус тасреҳ кард, Ғарб дар талош аст аз авзоъи перомуни БарҶом истифода кунад то тавофуқро тағйир ва онро ба шакли тағйирёфта ба Эрон таҳмил кунад.

Музокироти БарҶом пас аз 6 давр гуфтугӯҳои фишурда ва мустамар дар Вена ба мароҳили поёнӣ наздик шудааст.

Тибқи ин гузориш, дар охирин нишасти Комиссиони муштараки БарҶом дар Вена, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, ҳайатҳо зимни ибрози хурсандӣ аз пешрафтҳои сӯратгирифта барои эҳёи БарҶом, бори дигар бар азму ҷиддияти худ барои пайгирии раванди гуфтугӯҳо бо ҳадаф ёфтан роҳи ҳалҳое барои чанд мавзӯе, ки ҳануз ҳалу фасл нашудаанд таъкид карданд.

Давлати ҷадиди Амрико ба раёсати Ҷо Байден зимни эътироф ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ эълом кард, ки қасд дорад Иёлоти муттаҳидаро ба БарҶом бозгарданд, аммо то ба ҳол аз анҷоми иқдомоти лозим дар ин росто худдорӣ кардааст.

Бештар бихонед: