Олмерт: Натаняҳу ва оилааш бемори рӯҳӣ доранд
-
Олмерт: Натаняҳу ва оилааш бемори рӯҳӣ доранд
Сарвазири пешини режими саҳюнистӣ "Бенямин Натаняҳу" раиси ҳизби Ликуд ва оилаи ӯро бемори рӯҳӣ номид.
Ба гузориши Иерусалим Пост рӯзи душанбе; Сарвазири собиқи Исроил Эҳуд Олмерт пас аз ба додгоҳ кашида шуданаш барои тӯҳмат Натаняҳу ва оилаашро барои ташхиси равонӣ даъват кард.
Олмерт, зимни ҳимоят аз кобинаи тозатаъсиси Исроил муташаккил аз ҳашт ҳизби мухолифи Натаняҳу, ҳушдор дод, эҳтимол дорад Натаняҳу барои сангандозӣ дар масири эътилофи ин кобина ,тақобули амниятӣ эҷод кунад.
Эҳуд Олмерт, ки худ муддатеро ба хотири фасоди молӣ дар зиндон гузорандааст, пештар низ гуфта буд, хонаводаи Натаняҳу муҷрим ҳастанд.
Нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ борҳо аз сиёсатҳои Бенямин Натаняҳу дар қиболи Эрон интиқод кардааст.
Бештар бихонед: