Июл 07, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи мавҷудияти гурӯҳи дӯстии ҳомиёни маншури милали муттаҳид

Гурӯҳи дӯстии ҳомиёни маншури милали муттаҳид ҳамзамон бо ҳафтоду панҷумин солгарди ташкили Созмони милали муттаҳид бо ҳузури намояндагони 18 кишвари ҷаҳон аз ҷумла ҷумҳурии исломии Эрон эъломи мавҷудият кард.

Ба нақл аз Ирно, нишасти эъломи мавҷудияти ин гурӯҳ сешанбе ба сурати маҷозӣ бо ҳузури намояндагони доими кишварҳои узв, намояндагони дабири кулли Созмони милал ва раиси Маҷмаи умумӣ ва соири намояндагиҳои доими кишварҳо назди Созмони милали муттаҳид ташкил шуд.

Дар ин гурӯҳ илова бар ҷумҳурии исломии Эрон, кишварҳои Чин, Русия, Венесуэла, Куба, Беларус, Никарагуа, Сурия, Боливия, Алҷазоир, Ангола, Фаластин, Камбоҷа, Лаос, Кореяи Шимолӣ, Сент-Винсент ва Гренадинҳо, Гвинеяи Устувоӣ ва Эритрея ҳузур доранд.

Заҳро Иршодӣ, сафир ва муовини намояндагии доими Эрон дар Созмони милал дар ин нишаст бо ишора ба афзоиши якҷонибагароӣ дар равобити байналмилал, эъмоли таҳримҳои якҷониба, нақзи мукаррари усули маншури милали муттаҳид ва низ сӯиистифодаи бархе кишварҳо аз созу корҳои милали муттаҳид ба манзури таъмини аҳдофи сиёсӣ тасреҳ кард: Ташкили гурӯҳи дӯстии ҳомиёни маншури милали муттаҳид, ибтикоре ба мавқеъ дар дифоъ аз усули маншури милал муттаҳид аст.

Дар маромномаи ин гурӯҳ бар тааҳҳуди кишварҳои узв ба чандҷонибагароӣ ва эҳтиром ба усул ва аҳдофи маншури милали муттаҳид таъкид шудааст.

Барои нахустин бор идеяи ташкили ин гурӯҳ бо густариши якҷонибагароии Амрико алайҳи бархе кишварҳо ҳамчун Эрон, Русия, Куба, Кореяи Шимолӣ, Венесуэла, Фаластин ва Сурия матраҳ шуд.

 

 

Барчасп