Июл 10, 2021 13:11 Asia/Dushanbe
  • Лавров 15 ва 16 июл ба Узбакистон сафар мекунад
    Лавров 15 ва 16 июл ба Узбакистон сафар мекунад

Вазири умури хориҷаи Русия рӯзҳои 15 ва 16 июл ба Узбекистон сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд,  бар асоси барномарезиҳо «Сергей Лавров» қарор аст дар нишасти байналмилалии « Осиёи марказӣ ва ҷанӯбӣ: ба ҳам пайвастагии минтақавӣ, таҳдидот ва имконот» дар шаҳри «Тошканд » ширкат кунад.

Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин қарор аст рӯзи 16 июл дар шаҳи «Тошканд » дар чаҳорумин дидори вузарои умури хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон , Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои амнияти минтақавӣ ширкат кунад.

Русияи яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ  ва бозаргонии Узбекистон аст. Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2020 милодӣ бо 15, 4 дарсади коҳиш дар муқоиса бо соли 2019 милодӣ 5 миллиарду 641 миллион доллар будааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп