Роҳандозии ду посгоҳи марзбонӣ аз сӯи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар манотиқи озодшуда
(last modified Sat, 10 Jul 2021 08:37:53 GMT )
Июл 10, 2021 13:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Озарбойҷон дар марз бо Арманистон ва минтақаҳои тозабунёдшуда ду гузаргоҳи нави марзӣ таъсис дод
    Ҷумҳурии Озарбойҷон дар марз бо Арманистон ва минтақаҳои тозабунёдшуда ду гузаргоҳи нави марзӣ таъсис дод

Ҷумҳурии Озарбойҷон ду посгоҳи ҷадиди марзбонӣ дар марзи ин кишвар бо Арманистон ва дар манотиқи тоза озодшуда роҳандозӣ кард.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ду посгоҳи ҷадиди марзбонӣ дар марзи ин кишвар бо Арманистон ва дар манотиқи тоза озодшуда роҳандозӣ кард.

Ба гузориши Озарнюз, ин ду посгоҳи марзбонӣ дар манотиқи Қубодил ва Лочин дар манотиқи озодшудаи Қарабоғи кӯҳистонӣ бо ҳузури «Алчин гулиев» фармондеҳи нерӯҳои марзбони ҷумҳурии Озарбойҷон ба таври расмӣ роҳандозӣ шуд.

Дар ин маросим фармондеҳии марзбонии ҷумҳурии Озарбойҷон ба чанд нафар аз низомиёни ин кишвар медоли ифтихори хизмат дар ҷанги 44 рӯзаи Қарабоғ бо Арманистон эҳдо кард.

Гулиев дар ин маросим эҷоди воҳидҳои низомии бештар дар манотиқи озодшуда ва дар имтидоди марз бо Арманистонро аз барномаҳои ояндаи давлати ҷумҳурии Озарбойҷон донист.

Даргириҳои ҷумҳурии Озарбойҷон  ва Арманистон дар 27 сентябри 2020 дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуд ва дар ниҳоят бо кушта ва захмӣ шудани шумори зиёде аз тарафайн, 10 ноябри 2020 бо миёнаравии Русия поён ёфт.

Бар асоси тавофуқномаи сулҳе, ки байни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар 9 ноябри 2020 имзо шуд, кантроли манотиқе дар минтақаи Қарабоғ ба ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шудааст.

 

Бештар бихонед: