Маргбортарин ҳафтаи Русия аз ибтидои ҳамагирии корона
Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия аз сабти як рекорди ҷадид дар омори маргу мири ношӣ аз ибтило ба вируси корона дар ин кишвар аз ибтидои ҳамагирии ин вирус хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия имрӯз эълом кард, ки омори маргу мири ношӣ аз ибтило ба корона дар ин кишвари таи як рӯзи ахир ҳудуди 750 нафар ва таи 7 рӯзи гузашта 5 ҳазору 77 маврид будааст.
Бино бар эъломи Ситоди амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси корона дар Русия, токунун 143 ҳазору 2 нафар дар ин кишвар бар асари ибтило ба корона ҷони худро аз даст доданд ва бештарин мавориди марги мубталоён ба Ковид - 19 дар Маскав, пойтахти Русия гузориш шудааст.
Дар ҳоле, ки тохту този вируси ҳиндии мавсум ба делта, вазъи нигаронкунандае дар Русия эҷод карда, ваксина кардани саросарӣ дар ин кишвар ба кундӣ пеш меравад.
Бар асоси иттилооти расмӣ дар Русия, токунун дар ин кишвар дар маҷмуъ 47 миллиону 80 ҳазор нафар дозаи аввал ва дозаи дувуми ваксинаи коронаро задаанд.
Бештар бихонед: