Шуҳрати ҷаҳонии ороиши моишинҳои боркаш дар Покистон
Ороиши мошиинҳои боркаш дар Покистон шуҳрати ҷаҳонӣ дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ороиши моишинҳои боркаш дар Покистон пешинаи тӯлонӣ дорад ва солҳост ин ҳунар дар байни ронандагони ин кишвар равнақ дорад . Ронандаҳо дар Покистон моишинҳои боркаш худро бо тарҳи гул, тасвирҳои ҳайвонот ва табиат зиннат медиҳанд.
Ронандагони покистонӣ бо маблағи ду то се баробари нархи худи мошин онро ороиш мекунанд .
Навъи зиннат додани мошинҳо нишон аз фарҳанги қабоили мухталиф дар Покистон дорад; ба тавре ки рангҳои сабзу зард барои тазйини мошинҳои минтақаи Хайбар Пахтунхоҳ ва тарҳҳои қавмии мисли гул барои минтақаи Панҷоб аст .
Аммо ин фақат мошинҳои покистонӣ нестанд, ки ба ин шакл тазйин мешаванд, бештари автобусҳои мусофирӣ, танкерҳои ҳамли обу сӯзишворӣ, мотсиклҳои қадӣмӣ ва ҳатто арробаҳои чубини фурӯшандагони сарироҳӣ ё дастфурушҳо ҳам бо васоили рангоранг ороиш мешаванд .