Июл 15, 2021 17:59 Asia/Dushanbe
  • Амрико-омили аслии буҳрони Афғонистон

Вазири умӯри хориҷаи Чин Амрикоро омили аслии буҳрони кунунии Афғонистон донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ванг Ӣ рӯзи панҷшанбе дар суханонӣ бо ишора ба таҳаввулоти кунунии Афғонистон гуфт : Амрико оғозгари буҳрони ин кишвар будааст ва мушкилоти зиёде барои давлату мардуми Афғонистон эҷод карда, бинобарин наметавонад бо фарофиканӣ бори ин мушкилотро ба уҳдаи кишварҳои минтақа бигузорад.
Вазири умӯри хориҷаи Чин таъкид кард: Аъзои Созмони ҳамкорӣ Шанхай набояд иҷоза диҳанд, ки Амрико мушкилоти давлати Кобулро афзоиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо ибрози нигаронӣ аз таҳаввулоти амниятии Афғонистон бар зарурати эҳтиром ба иродаи мардуми ин кишвар таъкид карданд .
Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия. Тоҷикистон ва Узбекистон, Ҳинд ва Покистон аъзои аслии Созмони ҳамкории Шанхай ва Эрон, Афғонистон,Муғулистон ва Беларус ҳам аъзои нозири ин созмон ҳастанд.
Гурӯҳи Толибон аз ду моҳи пеш ҳамзамон бо эъломи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон ба ҷои ҳузур дар мизи музокира бо давлати ин кишвар  ҳамалоти худро ба манотиқи мухталифи Афғонистон ташдид кардааст . Нерӯҳои давлатии Афғонистон ҳам дар ҳоли муқобила бо гурӯҳи Толибон ҳастанд .
Бахшҳои васеъе аз хоки Афғонистон ба тасарруфи гурӯҳи Толибон даромадааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп