Шаш устони Туркия даргири оташсӯзӣ
Сӯхтори густарда дар навоҳии ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Туркия беш аз 250 гектар ҷангали ин кишварро ба хокистар табдил кард.
Сӯхтори густарда дар навоҳии ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Туркия беш аз 250 гектар ҷангали ин кишварро ба хокистар табдил кард.
Ба гузориши хабаргузории садо ва симо, ин оташсӯзӣ аз зуҳри рӯзи панҷшанбе дар бист минтақаи ҷангалӣ дар устонҳои "Ҳатай, Мерсин, Осмония, Диярбакир, Адана ва Қаҳрамон Мараш оғоз ёфт ва бинобар шиддати бод, он зуд паҳн шуд.
Ҳамакнун теъдоди зиёде аз воҳидҳои оташнишонӣ машғули хомӯш кардани оташ ҳастанд.
Бар асоси эъломи манобеи Туркия, беш аз 17 минтақаи рустоӣ - ҷангалӣ дар устони Усмония тахлия шудаанд.
Мақомоти Туркия ҳанӯз дар бораи иллати бурузи ин оташсӯзӣ изҳори назаре накардаанду таҳқиқот дар ин замина идома дорад.
Бархе ахбори ғайрирасмӣ ҳикоят аз он дорад, ки сӯхтор дар навоҳии ҷангалии Мерсин ва Усмония амдӣ ва аз навъи харобкорист.
Бештар бихонед: