Июл 17, 2021 16:46 Asia/Dushanbe

Намояндаи демократи Огайо ва ҳомии сиёҳпӯстон дар Маҷлиси намояндагони Амрико боздошт шуд.

Ба гузориши Associated Press, полиси Конгресси Амрико, Ҷойс Битти, намояндаи демократи Огайо ва раиси Ҳизби сиёҳпӯстони Конгрессро рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни эътироз барои ҳаққи раъй дар дохили бинои Сенат боздошт кард.

Битти яке аз аъзои гурӯҳи кӯчаке аз муътаризон буд, ки бо шиори" бар рӯи ҳадаф тамаркуз дошта бошед" ва "мо такон нахоҳем хӯрд" вориди роҳрави ин сохтумон шуд. Бити ва чанд муътаризи дигар либосҳое бо паёми "аз ҳаққи раъйи мо муҳофизат кунед" пушиданд.

Моҳҳо аст, ки демократҳои Конгресс таҳти фишор қарор гирифтанд то бо талоши ҳамоҳанг ҷумҳурихоҳон дар сатҳи иёлатӣ барои тасвиби маҳдӯдиятҳои ҷадид дар раъйгирӣ муқобила кунанд ва ин маҳдӯдиятҳо илҳоми гирифта аз иддаоҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи ин кишвар дар бораи сирқати интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 аст. Бити рӯзи панҷшанбе баёнияе дар бораи эътироз ва боздошташ содир кард.

Дар ин баёния омадааст: "ман дар ҳамбастагӣ бо занони сиёҳпӯст ва муттаҳидони мо дар саросари кишвар дар дифо аз ҳаққи мо дар қонуни асосӣ барои раъй додан бархестам. Мо масири дарозеро тай накардаем ва сахт наҷангидаем то касоне, ки мехоҳанд моро сокит кунанд, ҳама чизро барчинанд ва маҳдӯд кунанд. Мутмаин бошед, ки ин фақат оғоз аст. Ин қудрати мост, ин паёми мост."

Бештар бихонед:

 

Барчасп