Ноябр 01, 2016 20:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳурот дар Мағриб дар эътироз ба кушта шудани як моҳифурӯш

Шаҳри Алҳусайма дар шимоли Мағриб ҳамчунон саҳнаи тазоҳуроти мардумӣ дар эътироз ба кушта шуданb як моҳифурӯш аст.

Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, шаҳрвандони Алҳусайма дар эътироз ба ҷон бохтани Муҳсини Фикрӣ, шаҳрванди моҳифуруш, бо баргузории тазоҳуроти густардае муҷозоти омилони ин ҳодисаро хостор шуданд.

Муҳаммад Шашум, подшоҳи Мағриб, ки барои сафар ба чанд кишвари африқоӣ дар ин кишвар ҳузур надорад, бо афзоиши эътирозот, вазири кишварро барои дидор бо хонаводаи ин моҳифуруш ва эъломи паёми таслият ба шаҳри Алҳусайма фиристодааст.

Муҳсини Фикрӣ, моҳигири мағрибӣ пас аз онки нерӯҳои полис рӯзи ҷумъа чархи моҳифурушиашро забт карданд ва дохили мошини боркаши зубола андохтанд, худро дохили мошини боркаши зубола андохт, то моҳиҳояшро берун оварад, аммо байни теғаҳои дастгоҳи хурдкуни зуболагирӣ афтод ва ба шакли фаҷее ҷон супурд.

Мақомоти маҳаллӣ, сайд ва фурӯши аррамоҳиро дар ин фасл аз сол мамнуъ эълом кардаанд.

Чунин эътирозоти густардае дар Мағриб, ки подшоҳ қудратро дар ихтиёр дорад, маъмулан ба нудрат сурат мегирад.

Мағриб дар соли 2011 пас аз боло гирифтани эътирозоти мардумӣ, ислоҳоти густарда ва тамҳидоти амниятии шадиде дар пеш гирифт, то монанди ончи дар Тунис, Миср ва Либия рӯй дод, дар ин кишвар рӯй надиҳад.