Июл 18, 2021 11:17 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи 16 июл нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ба сӯи нерӯҳои Арманистон, ки дар минтақаи марзии Яроск мустақар буданд, оташ кушоданд.
    Рӯзи 16 июл нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ба сӯи нерӯҳои Арманистон, ки дар минтақаи марзии Яроск мустақар буданд, оташ кушоданд.

Дар ҳоле. ки мақомҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнаравии Русия тавофуқномаи сулҳи Қарабоғро нуҳуми ноябри гузашта имзо кардаанд, бори дигар мавзӯи нақзи муқаррароти оташбас ба садри хабарҳои расонаҳои минтақа бозгаштааст.

Дар ҳамин иртибот, расонаҳо эълом кардаанд, низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистони бори дигар дар манотиқи марзӣ бо якдигар даргир шудаанд.

Вазорати дифои Арманистон бо интишори баёнияе, эълом кард: Зуҳри рӯзи ҷумъаи гузашта ( 16 июл ) нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, ба сӯи нерӯҳои армании мустақар дар минтақаи марзии "Ерасх "-и Арманистон   тирандозӣ карданд ва нерӯҳои ин кишвар ҳам мутақобилан "ба ин ҳамалот посух доданд. Мавориди ҷадиди нақзи  оташбас умдатан " дар меҳварҳои Оқдра, Ағдам, Физулӣ ва Ҳадрут рух додааст.

Аз замони имзои тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ дар нимашаби нуҳуми ноябр, ҳар рӯз ба шакле бар мавориди нақзи муқаррароти оташбас афзуда мешавад. Дар ибтидои имзои тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ,  мавориди нақзи оташбас чандон зиёд набуд. Аммо бо сипарӣ шудани замон ва ташдиди ихтилофҳои Боку ва Ереван, ба назар мерасад мавориди нақзи оташбас низ афзоиш меёбад.

Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки далели аслии нақзи муқаррароти оташбас миёни Боку ва Ереван, бавижа бо сипарӣ шудани замон, мудохилоти давлатҳои бегона аст. Дарвоқеъ, нуфузи нерӯҳои бегона дар Боку ва Ереван ва таъсиргузории бегонагон бар мавозеъи давлатҳои мустақили минтақа аз муҳимтарин авомили нақзи оташбас талаққӣ мешавад. Ба унвони мисол, ба рағми ризоят "Никол Пашинян" сарпарасти нахуствазири Арманистон аз имзои тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ, бархе мудохилоти хориҷии заминаҳои эътирозҳои мардумӣ дар Арманистонро фароҳам кардаасту мақомҳои Ереван низ ба мурӯри замони мавозеъи худро бо мавозеъи кишварҳои манфиатдор дар минтақа ҳамоҳанг мекунанд.З

Дар ин замина метавон ба ҳимоятҳои ҷиддии мақомҳои давлатҳои ғарбӣ аз мавозеъи Арманистон ва ароманаи Қарабоғ ишора кард. Дар ҷараёни ҷанги дувуми Қарабоғ  "Майк Помпео " вазири собиқи умури хориҷаи Амрико гуфта буд: " Умедвор аст Арманистон битавонад дар муқобили ҷумҳурии Озарбойҷон аз худ дифо кунад" .

Ин изҳорот ба маънои ҳимоятҳои Амрико аз мавозеъи Арманистон ва ароманаи Қарабоғ будааст. Пас аз имзои тавофуқномаи сулҳи  Қарабоғ низ, мухолифатҳо ва эътирозҳои расмии мақомҳои Амрико ва Фаронса ба имзои тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ дар нуҳуми ноябр нишон дод, ки ин кишварҳо  дар қиболи муноқишаи Қарабоғ бетараф нестанд.

Вазирони умури хориҷаи вақти Амрико ва Фаронса  пас аз имзои тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ низ эълом карданд,  сирфан " ба ин далел, ки тавофуқнома бидуни ҳузури руасои гурӯҳи Минск Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имзо шудааст, бо он мухолиф ҳастанд.

 

Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар вокуниш ба ин гуна  мавзеъгирии давлатҳои ғарбӣ. бо интишори баёнияе эълом кард: Ин суханони вазири хориҷаи Амрико бо мақеъияти Вашингтон ва Порис ба унвони ду узви руасои гурӯҳ  миёнаравии Минск Созмони амният ва ҳамкории Аврупо  вижаи ҳалли муноқишаи Қарабоғ мутобиқат надорад.

Коршиносон  яке аз далоили аслии нақзи муқаррароти оташбас ва ташдиди даргириҳои низомии феълӣ миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистонро мудохилоти давлатҳои бегона медонанд.  "Патрик  Сахакян " коршиноси равобити байналмилал дар ин бора мегӯяд: "Ба назар мерасад даргириҳои ахир дар минтақаи Қарабоғ ношӣ аз дахолатҳои Туркия аст. Зеро ин кишвар баъд аз масоили Сурия, дар пайи иҷрои тафаккури иттиҳоди туркзабонҳост ва бо истиқрори нерӯҳои амниятӣ ба дунболи ишғоли Қарабоғ аст ".

 

Дар ин замина, мақомҳои Арманистон низ мавозеъи тунде алайҳи дахолатҳои бегонагон иброз доштаанд. Ба унвони мисол, Раиси Ҷумҳурии Арманистон "Армен Саркисян"   нисбат ба эҷоди конуни террористӣ дар ҷануби Қафқоз ҳушдор дода ва гуфта буд, ба рағми талошҳои миёнаравии Эрон ва Русия, муноқишаи озарӣ - арманӣ аз ояндаи мубҳаму печидаи буҳрони Қарабоғ ҳикоят дорад.

Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, дахолатҳои бегонагон, ки бо ҳадафи касби манофеъи ҳарчӣ бештар сурат мегирад, на танҳо дар ҷиҳати манофеъи Боку ва Ереван нест, балки ба шиддат ба зиёни манофеъи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон арзёбӣ мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп