Коҳиши эътимод ба илм ва дониш дар Амрико
Бо ташдиди ихтилофоти ҳизбӣ дар бораи масоиле ҳамчун ҳамагирии Ковиди 19 ва тағироти обу ҳавоӣ, натоиҷи назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки эътимод ба илму дониш дар Амрико аз соли 1975 токунун коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси натоиҷи назарсанҷии муассисаи Gallup, мизони эътимоди Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба илму дониш аз соли 1975 токунун 30 дарсад коҳиш дошта ва камтар аз ниме аз Ҷумҳурихоҳон ( 45 дарсад ) то ҳади зиёде ба илму дониш эътимод доранд.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, аз соли 1975 токунун мизони эътимод ба илму дониш дар байни ройдиҳандагони мустақили Амрико низ бо коҳишии 8 дарсадӣ ба 65 дарсад расида ва ин омор дар байни ҳамаи амрикоиҳо бо коҳишии 6 нуқтае ба 64 дарсад расидааст.
Натоиҷи назарсанҷии муассисаи Галуп нишон медиҳад, ҳимоят аз донишу илм назди Демократҳо бо афзоиши 12 нуқтае ба 79 дарсад расидааст, ки бештарини шикофи ҳизбиро аз соли 1975 токунун нишон медиҳад; Чунки Демократҳо бо фосилаи 34 дарсад эътимоди бештаре ба илм нисбат ба Ҷумҳурихоҳон доранд.
Дар соли 1975, 72 дарсади ройдиҳандагони Ҷумҳурихоҳи Амрико ба илм эътимод доштанду эътимод ба дониш назди Демократҳо 67 дарсад буд, ки ихтилофи 5 дарсадиро нишон медод.