Июл 19, 2021 10:57 Asia/Dushanbe
  • Шакку шубҳаи панҷяки амрикоиҳо нисбати ваксинаи корона
    Шакку шубҳаи панҷяки амрикоиҳо нисбати ваксинаи корона

Хабарнигори амрикоӣ эълом кард панҷяки мардуми Амрико ба далели бадбинӣ ба давлати ин кишвар ҳозир ба истифода аз ваксинаи корона нестанд.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Си Эн Эн; Кэтрин Румпл, шарҳнависи Вашингтон пост дар ҳисоби Твиттерии худ навишт: Як панҷуми амрикоиҳо мӯътақиданд давлати ин кишвар аз ваксинаи Ковид - 19 барои ҷойгир кардани микрочипҳо ба одамон истифода мебарад.

Кохи сафед эълом кард: Ташдиди ҳамагирии ношӣ аз ваксина назадан афрод аст ва бисёре аз онҳо дар бемористон бистарӣ мешаванд ва ба иллати ибтило ба корона, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Кохи сафед аз паёми расонҳои иҷтимоӣ хостааст, ки бо интишори иттилооти нодуруст дар бора задани ваксина муқобила кунанд ва эълом кардааст, ки ҳар гуна  бефаъолиятӣ  маргбор хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол; Фейсбук аз худ дар баробари иддаои раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар ин ки ин шабакаи иҷтимоӣ бо интишори ахбори ҷаълӣ дар бораи коронаи боиси марги мардум мешавад, дифо кард.

Ба дунболи вуруди корона бо савияи Делта ба Амрико, Ҷу Байден раисҷумҳури ин кишвар пештар хостори ваксинатсияи ҳамаи амрикоиҳо алайҳи вируси корона шуд.

Ба дунболи шуюъи вируси корона дар Амрико  наздик ба 35 миллион нафар ба бемории Ковиди 19 мубтало шудаанд ва 624 ҳазору 746 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп