Лавров: Русия барномае барои истиқрори нерӯ дар Афғонистон надорад
(last modified Thu, 22 Jul 2021 12:23:23 GMT )
Июл 22, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ин кишвар ҳеч барномае барои истиқрори нерӯ дар Афғонистон надорад.
    Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ин кишвар ҳеч барномае барои истиқрори нерӯ дар Афғонистон надорад.

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ин кишвар ҳеч барномае барои истиқрори нерӯ дар Афғонистон надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Сергей Лавров »,  вазири умури хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории Интерфакс эълом кард, Маскав баррасии истиқрори нерӯ дар Афғонистон ё ҳамла алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишварро анҷом надодааст.

Лавров афзуд, пешниҳоде ба Амрико дар бораи истифода аз пойгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сояи таҳаввулоти авзоъ дар Афғонистон надоштааст.

Русия дар ҳафтаҳои ахир ба Тоҷикистон, яке аз кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон итминон додааст,  ки барои муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ аз ин кишвар ва тақвияти сохтори марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон кумак кунад.

Ҳамзамон бо хурӯҷи нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ аз Афғонистон, гурӯҳи Толибон низ ба ҳамалоти худ дар ин кишвари афзуда ва дар ҳафтаҳои гузашта тавониста манотиқеро ба кантроли худ дароварад то ҷое, ки мақомоти дохилии Афғонистон ва бархе кишварҳои минтақа ва байналмилали хостори таваққуфи ин ҳамалот шудаанд.

 

Бештар бихонед: