Тамдиди вазъияти вижаи қарантина дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Tue, 27 Jul 2021 03:49:55 GMT )
Июл 27, 2021 08:49 Asia/Dushanbe
  • Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон то охири моҳи август фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ва метро дар ду рӯзи истироҳат қатъ шуд
    Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон то охири моҳи август фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ва метро дар ду рӯзи истироҳат қатъ шуд

Вазъияти вижаи қарантина барои ҷилавгирӣ аз шу.ъи вируси корона бори дигар дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тамдид шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Қафқоз, нахуствазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов муддати иҷрои вазъияти вижаи қарантина дар ин кишварро  як моҳи дигар тамдид кард.

Тибқи ин қарор, нақлиёти ҷамъиятӣ ва метро барои ду рӯзи истироҳат то охири август қатъ карда шуданд.

Бар асоси охирин омори  Вазорати беҳдошти Ҷумҳурии Озарбойҷон токунун 338 ҳазору 183 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки 331 ҳазору 200 нафар аз онҳо дармон шуда ва 4 ҳазору 991 нафар низ фавт кардаанд.

 

Бештар бихонед: