Тамдиди вазъияти вижаи қарантина дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Июл 27, 2021 08:49 Asia/Dushanbe
Вазъияти вижаи қарантина барои ҷилавгирӣ аз шу.ъи вируси корона бори дигар дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тамдид шуд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Қафқоз, нахуствазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов муддати иҷрои вазъияти вижаи қарантина дар ин кишварро як моҳи дигар тамдид кард.
Тибқи ин қарор, нақлиёти ҷамъиятӣ ва метро барои ду рӯзи истироҳат то охири август қатъ карда шуданд.
Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Ҷумҳурии Озарбойҷон токунун 338 ҳазору 183 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки 331 ҳазору 200 нафар аз онҳо дармон шуда ва 4 ҳазору 991 нафар низ фавт кардаанд.
Бештар бихонед:
Барчасп