Туркия: Садри аъзами Австрия худхоҳ аст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи туркия изҳороти садри аъзами Австрия дар тавсифи Анкара ба унвони беҳтарин паноҳгоҳ барои оворагон ва паноҳандагони афғонро худхоҳӣ хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Танҷу Билгич Tanjuи Bilgiçи сухангӯии вазорати умури хориҷаи Туркия гуфт: «Изҳороти садри аъзами Австрия дар тавсифи Туркия ба унвони беҳтарини паноҳгоҳ барои оворагону паноҳандагони афғон баёнгари як рӯйкарди худхоҳона нисбат ба ин мушкил аст.»
Канцлери Австрия Себастян Куртс дар мусоҳиба бо рӯзномаи Bild гуфт, ки гурезаҳои афғон бояд ё ба Туркия фирор кунанд ва ё ба минтақаҳои бехатар дар кишвари худ.
Вай таъкид карда буд, ки ин кор барои онҳо бисёри беҳтар аз талош барои паноҳандагӣ дар Австрия, Олмон ва ё Шветсия аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Туркия гуфт: «Мо аз ин баёнияи садри аъзами Австрия, ки ба Туркия ба унвони " маконе муносибтар" барои оворагону паноҳандагони афғон ишора кард, бисёри мутаъаҷҷиб шудем. Нахуст он ки Туркия кишвари ҳаммарз бо Афғонистон несту дувум ин мавзеъ, ки " муҳоҷирон набояд ба ин ҷо биёянд ва бояд ба макони дигаре биравад " як рӯйкарди худхоҳона ва ду сар бохт аст.»
Вай афзуд « Туркия масъулятҳои байналмилалии кишварҳои сеюмро ба дӯш нахоҳад кашид ва иҷозаи мавҷи ҷадиди муҳоҷиронро нахоҳад дод.»
Бештар бихонед: