Путин: Кишварҳои исломӣ рӯйи кумаки Русия ҳисоб кунанд
Раиси ҷумҳурии Русия гуфт: Кишварҳои исломӣ метавонанд дар убур аз буҳронҳои минтақаӣ ва мубориза бо терроризм рӯйи кумаки Русия ҳисоб кунанд.
Владимир Путин хитоб ба ширкаткунандагон дар иҷлоси иқтисодии байналмилалии “Рӯсия - ҷаҳони Ислом” гуфт: “Мехоҳам таъкид кунам, ки шарикони мо дар байни кишварҳои исломӣ метавонанд дар талош барои ғалаба бар буҳронҳои минтақаӣ ва мушкилоти сахти иҷтимоӣ, дар муқобила бо ҳамаи мазоҳири терроризму ифротгароӣ, рӯйи ҳимояту кумаки Федератсияи Русия ҳисоб кунанд”.
Раиси ҷумҳурии Русия изофа кард: “Равобити Русия бо кишварҳои исломӣ ба таври суннатӣ дӯстона ва созанда аст”.
Дувоздаҳумин нишасти байналмилалии иқтисодии Русия ва ҷаҳони Ислом рӯзи чаҳоршанбе дар Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористон ва бо ҳузури сафирони 28 кишвари исломӣ дар Русия оғоз ба кор кард.
Дар ҷаласаҳои умумӣ ва тахассусии ин нишаст, ки ба муддати ду рӯз дар Қазон баргузор мешавад, намояндагоне аз 60 кишвар ва 33 ҷумҳурӣ ва устони Русия ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар чорчӯби ҳамоиши байналмилалии иқтисодии “Русия - ҷаҳони Ислом”, чаҳордаҳумин намоишгоҳи маҳсулоти ҳалоли Русия бо унвони “Русия Ҳалол Экспо” барпо шудааст.
Бештар бихонед:
- Посухи раиси ҷумҳурии мунтахаби мардуми Эрон ба паёми табрикии Путин
- Паёми табрикии наврӯзии Путин ба Рӯҳонӣ