Таъкиди Эрон бар хештандории Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i71296
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози нигаронӣ аз тавдовуми даргириҳои марзӣ миёни нерӯҳои марзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, бар хештандории тарафайн ва лузуми ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофоти марзии ду кишвар таъкид карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 29, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар хештандории Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
    Таъкиди Эрон бар хештандории Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози нигаронӣ аз тавдовуми даргириҳои марзӣ миёни нерӯҳои марзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, бар хештандории тарафайн ва лузуми ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофоти марзии ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Хатибзодаи зимни ибрози таассуф аз кушта ва захмӣ шудани афроде аз ду кишвари Арманистон ва Озарбойҷон ва тасреҳ бар лузуми убури ду кишвар аз танишҳо ва даргириҳо ва зарурати эҳтироми ҳамаи тарафҳо ба марзҳои шинохташудаи байналмилалӣ, бар зарурати дастёбии ҳарчӣ сареътар ба сулҳи пойдор дар минтақаи Қафқози ҷанӯбӣ таъкид кард.

Вай ҳамчунин аз омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳар гуна мусоидат ҷиҳати барқарории сулҳи пойдор дар минтақа хабар дод.