Талоши Афғонистон барои узвияти доим дар Шанҳай
(last modified Wed, 02 Nov 2016 09:51:46 GMT )
Ноябр 02, 2016 14:51 Asia/Dushanbe
  • Талоши Афғонистон барои узвияти доим дар Шанҳай

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон бо ширкат дар нишасти нахуствазирони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанҳай, ки фардо дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад, барои узвияти доими кишвараш дар ин созмон талош хоҳад кард.

Ба иттилои Ирно, Умед Майсам, муовини сухангуи раёсати иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе ба Ирно гуфт: Нишасти кишварҳои узви Шанҳай фардо панҷшанбе дар Бишкек баргузор мешавад ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар раъси як ҳайъати олирутба ба манзури ширкат дар ин нишаст озими Бишкек хоҳад шуд ва барои узвияти Афғонистон ройзаниҳои лозимро ба амал хоҳад овард.

Муовини сухангуи раёсати иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон афзуд: Шуморе аз кишварҳои узви расмии Шанҳай барои узвияти доими Афғонистон қавли ҳамкорӣ додаанд.

Афғонистон дар Созмони Шанҳай дар солҳои ахир баунвони узви нозир дар ин созмон пазируфта шуд ва акнун дар талош аст, ки узвияти доимии ин созмонро ба даст оварад.

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар ҳошияи ин нишаст дар бораи мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва барқарории сулҳ дар ин кишвар бо шуморе аз сарони аъзои кишварҳои ҳамкориҳои Шанҳай баҳсу гуфтугӯ хоҳад кард.