Август 04, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳарос ва ваҳшат аз оянда, иллати ҷанҷоли ин рӯзҳои саҳюнистҳо

Чанд рӯзи гузашта манобеи хабарӣ аз ҳамла ба як каштӣ дар дарёи Уммон дар наздикии обҳои сарзамини кишвари Уммон хабар доданд, ки гуфта шуд, ин каштӣ дар моликияти як саҳюнисти миллиардер будааст.

Пас аз ин ҳамла, саҳюнистҳо ва расонаҳои онҳо бо ҷанҷоли бесобиқае ба ин ҳодиса вокуниш нишон доданд, ки ба ҳамин иллат, сенария будани ин ҳамла низ наметавонад баид бинамояд.

Аз нахустин мақомҳои саҳюнист, ки ба суръат ба ин ҳодиса вокуниш нишон доданд, Бени Гантс, вазири ҷанг, Яир Лапид, вазири хориҷа ва Авив Кохави, раиси ситоди муштараки артиши ин режим буданд.

Кобинаи иҷораии режими саҳюнистӣ ин рӯзҳо ба шиддат аз эҳтимоли суқут дучори ваҳшат шудааст. Дар ин бора, метавон ба изҳороти дирӯзи Нафтали Беннетт дар Кнессет ишора кард, ки бо ҳамла ба нахуствазири собиқ сиёсатҳои ӯро дар қиболи Эрон шикастхурда тавсиф ва таъкид кард, ки ихтилофҳои ӯ бо Урдун низ натиҷае надоштааст, афзун бар инки сиёсатҳои ӯ сабаби тақвияти тавони мушакии муқовимати Фаластин ва Лубнон шудааст.

Бинобарин ҳамон тавр, ки Саиди Хатибзода, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар вокуниш ба ёвагуиҳо ва иддаоҳои беасоси саҳюнистҳо таъкид кард, ки “фарофиканиҳои саҳюнистҳо дарде аз дардҳои он ҳал нахоҳад кард”, бояд гуфт, ки мақомҳои саҳюнистӣ ба иллати ҳарос аз шикаст ва сарнигунӣ ба фарофиканӣ алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон рӯй овардаанд.

Режими саҳюнистӣ  акнун бо ҷанҷол ба дунболи эътиборзудоӣ, ба шеваи Эронҳаросист, то дар сафари ояндаи Беннетт ба Амрико вай битавонад давлати Ҷо Байден ба ироаи таслеҳот ва таҷҳизоти низомии пешрафта ба ин режим мутақоид кунад, то ончи аз яккатозиҳо ва таҷовузоти майдонӣ ва низомии худ ноком будааст, дар сатҳи сиёсӣ ва бо барангехтани Аврупо ва Амрико ва минтақа алайҳи Эрон дар ҷомеаи байналмилал таҳаққуқ бахшад.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп