Афзоиши нафрат аз саҳюнистҳо дар Англия
Дар паи ташдиди хушунат алайҳи фаластиниён ҳамлахо алайҳи яҳудиён дар Англия дар шаш моҳаи аввали имсол нисбат ба ҳамин муддат дар соли гузашта 49 дарсад афзоиш доштааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи англисии Гардиян навишт : Як муассисаи хайрия дар Англия гуфтааст ҷанги Ғазза, ки дар моҳи май рӯй дод ба афзоиши бесобиқаи ҳамалоти зиддияҳудӣ дар ин кишвар мунҷар шудааст .
Муассисаи CST дар фосилаи замонии январ то июн 1 ҳазору 308 мавриди ҳодисаи яҳудиситезӣ дар Англияро сабт кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин муддати замон дар соли гузашта 49 дарсад афзоиш дошта ва болотарин рекорди сабтшуда дар нимаи аввали як моҳ будааст .
Ин муассиса афзуд иллати афзоиши вокунишҳои зиддияҳудӣ ташдиди хушунатҳо дар Исроил ва Ғазза будааст; мушобеҳи он чӣ дар соли 2014 дар натиҷаи ташдиди даргириҳо ба сабт расида буд .
Дар 43 маврид аз ҳамалоти яҳудиситезона Исроил ба таври мустақим бо Олмони нозӣ муқоиса ва дар 68 маврид аз вожаи " саҳюнизм " ё " саҳюнист " истифода шудааст .