Август 07, 2021 14:13 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши сатҳи таваррум ва фақр дар Туркия

Сатҳи таваррум ва ҳамчунин фақр дар Туркия афзоиш ёфтааст.

Расонаҳои Туркия дирӯз эълом карданд, афзоиши мудовими қимматҳо, бекорӣ ва таварруми рӯзафзун, дағдағаи миллионҳо хонавори Туркияист.

Конфедератсияи синдикати кормандии Туркия “Memur – Sen”, ки ҳар моҳ як гузориши иқтисодӣ мунташир мекунад, хати фақрро дар ин кишвар 8 ҳазору 136 лир таъин кардааст.

Ин дар ҳолест, ки миллионҳо шаҳрванди Туркия, бо ҳуқуқи моҳиёна 3 ҳазор лир зиндагӣ мекунанд.

Дар соли 2002 талош барои мубориза бо фақр ва барқарории адолат ва таваҷҷуҳи вижа ба умрон ва тавсеаи иқтисодӣ, Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа дар Туркияро ба қудрат расонд.

 

Барчасп