Ифшои ҷосусии Арабистон аз Рошид Алғанушӣ
(last modified Sat, 07 Aug 2021 09:49:13 GMT )
Август 07, 2021 14:49 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҷосусии Арабистон аз Рошид Алғанушӣ

Як вебсайти британияӣ аз ҷосусии Арабистон бо бадафзори исроилӣ аз Рошид Алғанушӣ, раҳбари Ҳизби исломгарои Алнаҳзаи Тунис хабар дод.

Вебсайти британияии Мидел Исти ей” фош кард: Арабистони Саудӣ бо истифода аз нармафзори ҷосусии “Пегасус”, Рошид Алғанушӣ, раиси барканоршудаи Парлумони Тунис ва раҳбари ҳизби исломгарои Алнаҳзаи ин кишварро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Шумораи Алғанушӣ яке аз 50 ҳазор шумораест, ки дар листе, ки тавассути созмонҳои ғайридавлатии таҳқиқии Созмони афви байналмилал ба даст омада, вуҷуд дорад.