Истиқболи ҳазорон тунисӣ аз ҳукми боздошти Натанёҳу
(last modified Sat, 23 Nov 2024 07:47:57 GMT )
Ноябр 23, 2024 12:47 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи ҳазорон тунисӣ аз ҳукми боздошти Натанёҳу

Ҳазорон тунисӣ рӯзи ҷумъа бо баргузории тазоҳурот дар пойтахти ин кишвар аз ҳукми боздошти Бинёмин Натанёҳу-нахуствазир ва Юоу Голонт-вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ тавассути додгоҳи байналмилалии кайфарӣ истиқбол карданд.

Девони кайфарии байналмилалӣ дирӯз панҷшанбе (21 ноябр) дастури боздошти Натанёҳу ва Голонтро ба иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва истифода аз гуруснагӣ (гуруснасозии мардуми Ғазза) ба унвони як силоҳ содир кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тунсиҳои ширкаткунанда дар ин тазоҳурот, ки ба даъвати «Анҷумани ҳомиёни Фаластин дар Тунис» дар ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза баргузор шуд, порчанавиштаҳое бо мазмуни «Чаро ҷаҳон дар баробари Натанёҳу сокит аст» ва «Бо ҷону хуни худ Фаластинро наҷот хоҳем дод» бо худ  доштанд.

 Муҳаммад Албашир Хизрӣ-мудири иҷроии Анҷумани ҳомиёни Фаластин дар Тунис гуфт: Тасмими Девон кайфарии байналмилалӣ нишон дод, ки ба рағми монеътарошии Амрико ва бархе ҳомиёни режими саҳюнистӣ, садое барои адолат дар сатҳи ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, ки камранг нашудааст.

Дар ҳамин иртибот ҳазорон нафар аз мардуми Мавритания низ бо тамҷид аз ҳукми Девони кайфарии байналмилалӣ ба хиёбонҳо омада ва бо эъломи инзиҷор аз давлатҳои арабӣ барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, ҳимояти худро аз меҳвари муқовимат эълом карданд.

 Тазоҳуроткунандагон хостори муттаҳид шудани мардуми кишварҳои арабӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён ва муқобила бо сиёсатҳои ишғолгарӣ ва табъизи нажодии режими саҳюнистӣ шуданд.