Август 13, 2021 18:12 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Покистон аз ҳуҷуми оворагони афғонистонӣ

Вазорати умури хориҷаи Покистон ҳуҷуми мавҷи ҷадиди оворагони афғонистонӣ ба манотиқи марзии ин кишварро ҳамзамон бо вахомати авзои амниятӣ дар Афғонистон, нигаронкунанда донист.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алҷазира”, Вазорати умури хориҷаи Покистон имрӯз, ҷумъа дар баёнияе эълом кард: Исломобод қодир ба таҳаммули бори оворагони ҷадиди афғон нахоҳад буд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 6.5 миллион муҳоҷири афғон дар хориҷ аз ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ки ҳудуди 2.5 миллион нафар ҳам дар Покистон ба сар мебаранд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Покистон ҳамчунин омадааст: Созукорҳое барои гуфтугӯ ва музокирот байни тарафҳои афғон вуҷуд дорад ва ҳамагон медонанд, ки низои Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ нахоҳад дошт.

Ҷангу даргирӣ байни низомиёни Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ҳамчунон дар ин кишвар идома дорад ва музокироти сулҳ ҳам то кунун ба натиҷа нарасидааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп