Август 14, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Русия: Барои муқобила бо нуфӯзи ДИИШ аз самти Афғонистон омодаем

Муовини вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ҳудӯди 2 ҳазор аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон басар мебаранд, ки дар сӯрати нуфӯз ба Тоҷикистон аз пойгоҳи 201 барои муқобила ба онҳо истифода хоҳад шуд.

Олег Сиромолотов гуфт, Маскав доимо ба тақвияти пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон мепардозад ба ин сӯрат, ки дар поёни моҳи июл чанд фарванд ҷангандаи СУ- 25 аз пойгоҳи Кант дар Қирғизистон ба пойгоҳи 201 мунтақил шуд.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия афзуд: «ду рӯзи пеш низ 17 дастгоҳи нафарбари зиреҳии ҷадид аз навъ БМП -2, ки дар размоиши ахири сеҷониба дар Ҳарбмайдон бакор гирифта шуда буд ба пойгоҳи 201 дар Душанбе таҳвил шуд.»

Вай ҳамчунин аз кумаки 1.1 миллиондоларии Русия ба Тоҷикистон барои эҳдоси посгоҳи марзӣ дар минтақаи марзии Хатлон дар марз бо Афғонистон хабар дод, ки тавофуқномаи он қарор аст дар ояндаи наздик байни ду тараф имзо шавад.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия хотирнишон кард, ки нуфӯзи ДИИШ дар манотиқи шимолу шимоли шарқи Афғонистон, таҳдиди эҷоди хатари террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин кишвар, эъзоми террористҳо барои бе субот кардани авзои он кишварҳо ва зарба задан ба раванди созиши умумӣ дар кишварҳои минтақа мӯҷиби нигаронии ҷиддӣ шудааст.

Вай гуфт, ки муборизаи муассир бо гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ниёзманди талошҳои ҷамъӣ ва шарикии баробари ҳамаи гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар аст.

Авзои амниятӣ дар Афғонистон тайи чанд ҳафтаи ахир дар пайи хурӯҷи ғайримасъӯлонаи Амрико бадтар аз гузашта шуда ва нерӯҳои Толибон ҳамзамон бо эъломи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ ва хориҷӣ аз Афғонистон бо ташдиди ҳамалот ба манотиқи мухталифи ин кишвар,бахшҳои зиёде аз Афғонистонро тасарруф кардаанд. Нерӯҳои давлатии Афғонистон ҳам дар ҳоли муқобила бо аъзои гурӯҳи Толибон ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп