Баргузории намоишгоҳи осори устод Шаҳриёр тавассути донишомӯзони Боку дар ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Mon, 16 Aug 2021 11:27:06 GMT )
Август 16, 2021 16:27 Asia/Dushanbe

Донишомӯзони Китобхонаи ҷавонон дар Боку шарҳи ҳоли зиндагии устод Шаҳриёр, шоири маъруф ва барҷастаи эрониро бо унвони “Ҳам ифтихори Эрон – ҳам ифтихори Шарқ” барои истифодаи дӯстдорони фарҳангу адабиёти форсӣ – озарӣ хулосанависӣ карданд.

Алоқамандон ба фарҳанги муштараки ду кишвари Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо ба иштирок гузоштани тасовир ва осори арзишманди ин шоири барҷастаи эронӣ, намоишгоҳе маҷозӣ барпо карданд.

Гунай Ҳасанова, масъули равобити умумии Китобхонаи ҷавонон дар Боку гуфт: Зиндагиномаву осори ин шоири эронӣ, ки ифтихори Эрон ва ҷаҳон аст, иттилооти арзандае барои мухотабон ба ҳамроҳ дорад.

Дар ин ҳамоиши маҷозӣ бахше аз осору ашъори Шаҳриёр барои дӯстдорон баён шуд ва бо истиқболи мухотабон рӯ ба рӯ шуд.

Бар асоси эъломи раиси Китобхонаи миллии ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамкориҳои китобхонаии ду кишвар, ба вижа дар заминаҳои диҷитали кардани аснод, мараммати китоб ва насхи хаттӣ густариш меёбад.

Дар ҳамин робита аммо гузориши хабарнигори бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо Парвизи Ғиёсиро аз шаҳри Боки ҷумҳурии Озарбойҷон мешунавем:

 

Бештар бихонед: