Дархости иқтисоддонон аз мардуми Амрико: Ба Трамп раъй надиҳед
Иқтисоддонони амрикоӣ бо имзои номае аз мардуми Амрико хостанд, аз раъй додан ба Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон худдорӣ кунанд.
Ба гузориши CNN, 370 иқтисоддони амрикоӣ, ки бархе аз онҳо барандаи ҷоизаи Нобел ҳастанд, рӯзи чаҳоршанбе бо имзои номае аз мардуми Амрико хостанд, ба номзади ҷумҳурихоҳон раъй надиҳанд. Ин афрод, ки тақрибан тамоми онҳо устодони донишгоҳҳои муътабари Амрико ҳастанд, дар номаи худ амиқан аз бетаваҷҷуҳии Трамп ба усули қарзии илми иқтисод ва тавсияҳои коршиносон ибрози нигаронӣ карда, дар бахше аз номаи худ навиштаанд, Трамп дар тӯли рақобатҳои интихоботӣ дар мавриди мавзӯоти иқтисодии муҳиме, монанди тавлид, тиҷорат, нерӯи кору муҳоҷират, мардуми Амрикоро фиреб дода, оморе, ки ӯ дар ин заминаҳо ироа кардааст, саҳеҳ нест.
Трамп дар ҳоле дар ин нома мавриди интиқод қарор гирифтааст, ки рақиби ӯ Ҳиллари Клинтон аз Ҳизби демократ низ чандон мавриди ҳимояти иқтисоддонон нест, зеро дар моҳи сентябр беш аз 300 иқтисоддони амрикоӣ бо имзои номае сиёсатҳои иқтисодии Ҳиллариро низ барои Амрико зиёнбор тавсиф карданд.